Рафиқи меҳрбону ёри ҳамдам

Ғазали шумораи 353

Рафиқи меҳрбону ёри ҳамдам
Ҳама кас дӯст медоранду ман ҳам.

Назар бо некувон расмест маъҳуд,
На ин бидъат¹ ман овардам ба олам.

Ту гар даъво кунӣ парҳезгорӣ,
Мусаддақ дорамат, валлоҳу аълам.

В-агар гӯӣ, ки майли хотирам нест,
Ман ин даъво намедорам мусаллам.

Ҳадиси ишқ агар гӯӣ, гуноҳ аст,
Гуноҳ аввал зи Ҳавво буду Одам.

Гирифтори каманди моҳрӯён
На аз мадҳаш хабар бошад, на аз зам².

Чу дасти меҳрбон бар синаи реш
Ба гетӣ-дар надорам ҳеч марҳам.

Бигардон, соқиё, ҷоми лаболаб,
Биёмӯз аз фалак даври дамодам.

Агар донӣ, ки дунё ғам наярзад,
Ба рӯи дӯстон хуш бошу хуррам.

Ғанимат дон, агар донӣ, ки ҳар рӯз
Зи умри монда рӯзе мешавад кам.

Манеҳ дил бар сарои умр, Саъдӣ,
Ки бунёдаш на бунёдест муҳкам.

Бирав, шодӣ кун, эй ёри дилафрӯз,
Чу хокат мехурад, чандин махур ғам.

Саъдии Шерозӣ


¹ Расму роҳи нав.
² Накӯҳиш.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *