На дастрасӣ ба ёр дорам

Ғазали шумораи 390

На дастрасӣ ба ёр дорам,
На тоқати интизор дорам.

Ҳар ҷавр, ки аз ту бар ман ояд,
Аз гардиши рӯзгор дорам.

Дар дил ғами ту кунам хазина,
Гар як дилу гар ҳазор дорам.

Ин хаста тани чу мӯй борик
Аз зулфи ту ёдгор дорам.

Ман, к-андуҳи ту кашида бошам,
Андӯҳи замона хор дорам.

Дар оби ду дида аз ту ғарқам,
В-уммеди лабу канор дорам.

Дил бурдию тан задӣ, ҳамин буд,
Ман бо ту басе шумор дорам.

Дашном ҳамедиҳӣ ба Саъдӣ?
Ман бо ду лаби ту кор дорам.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *