Дар он нафас ки бимирам, дар орзуи ту бошам

Ғазали шумораи 403

Дар он нафас ки бимирам, дар орзуи ту бошам,
Бад-он умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам.

Ба вақти субҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам,
Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам.

Ба маҷмаъе, ки дароянд шоҳидони ду олам,
Назар ба сӯи ту дорам, ғуломи рӯи ту бошам.

Ба хогоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам,
Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошам.

Ҳадиси равза нагӯям, гули биҳишт набӯям,
Ҷамоли ҳур наҷӯям, давон ба сӯи ту бошам.

Маи биҳишт нанӯшам зи дасти соқии ризвон,
Маро ба бода чӣ ҳоҷат, ки масти рӯи ту бошам.

Ҳазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтан,
В-агар хилоф кунам, Саъдиё, ба сӯи ту бошам.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *