Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки сирри ишқ бипӯшам

Ғазали шумораи 405

Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки сирри ишқ бипӯшам,
Набуд бар сари оташ муяссарам, ки наҷӯшам.

Баҳуш будам аз аввал, ки дил ба кас насупорам,
Шамоили ту бидидам, на сабр монду на ҳушам.

Ҳикояте зи даҳонат ба гӯши ҷони ман омад,
Дигар насиҳати мардум ҳикоят аст ба гӯшам.

Магар ту рӯй бипӯшию фитна бознишонӣ,
Ки ман қарор надорам, ки дида аз ту бипӯшам.

Мани рамидадил он беҳ, ки дар самоъ наёям,
Ки гар ба пой дароям, бадар баранд ба дӯшам.

Биё ба сулҳи ман имрӯз дар канори ман имшаб,
Ки дида хоб накардаст аз интизори ту дӯшам.

Маро ба ҳеч бидодию ман ҳанӯз бар онам,
Ки аз вуҷуди ту мӯе ба оламе нафурӯшам.

Ба захмхурда ҳикоят кунам зи дарди ҷароҳат,
Ки тандуруст маломат кунад, чу ман бихурӯшам.

Маро магӯй, ки, Саъдӣ, тариқи ишқ раҳо кун,
Сухан чӣ фоида гуфтан, чу панд менаниюшам?

Ба роҳи бодия рафтан беҳ аз нишастани ботил,
В-агар мурод наёбам, ба қадри вусъ¹ бикӯшам.

Саъдии Шерозӣ


¹ Тавоноӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *