Гар даст диҳад ҳазор ҷонам

Ғазали шумораи 418

Гар даст диҳад ҳазор ҷонам,
Дар пои муборакат фишонам.

Охир, ба сарам гузар кун, эй дӯст,
Ангор, ки хоки остонам.

Ҳар ҳукм, ки бар сарам биронӣ,
Саҳл аст, зи хештан маронам!

Ту худ сари васли мо надорӣ,
Ман одати бахти хеш донам.

Ҳайҳот, ки чун ту шоҳбозе,
Ташриф диҳад ба ошёнам.

Гар хона муҳаққар асту торик,
Бар дидаи равшанат нишонам.

Гар номи ту бар сарам бигӯянд,
Фарёд барояд аз равонам.

Шаб нест, ки дар фироқи рӯят
Зорӣ ба фалак ҳамерасонам.

Охир, на ману ту дӯст будем?!
Аҳди ту шикасту ман ҳамонам.

Ман муҳраи меҳри ту нарезам,
Илло, ки бирезад устухонам.

Ман тарки висоли ту нагӯям,
Илло ба фироқи ҷисму ҷонам.

Маҷнунам агар, баҳои Лайлӣ
Мулки Арабу Аҷам ситонам.

Ширини замон туӣ ба таҳқиқ,
Ман бандаи Хусрави замонам.

Шоҳе, ки варо расад¹, ки гӯяд:
Мавлои акобири ҷаҳонам.

Айвони рафеъаш осмонро
Гӯяд ту замин, ман осмонам.

Донӣ, ки ситам раво надорад,
Магзор, ки бишнавад фиғонам.

Ҳар кас ба замони хештан буд,
Ман Саъдии охируззамонам.

Саъдии Шерозӣ


¹ Сазовор аст, лоиқ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *