Эй кӯдаки хубрӯи ҳайрон

Ғазали шумораи 446

Эй кӯдаки хубрӯи ҳайрон,
Дар васфи шамоилат сухандон.

Сабр аз ҳама чизу ҳар кӣ олам,
Кардему сабурӣ аз ту натвон.

Дидӣ, ки вафо ба сар набурдӣ,
Эй сахткамони сустпаймон.

Поёни фироқ нопадидор,
В-уммед намерасад ба поён.

Ҳаргиз нашунидаам, ки кардаст
Сарв, ончи ту мекунӣ ба ҷавлон.

Бовар кӣ кунад, ки одамиро
Хуршед барояд аз гиребон?

Бемори фироқ беҳ нагардад,
То бӯ накунад биҳи занахдон.

В-ин гӯи саодат асту давлат,
То бо кӣ дарафканӣ ба майдон?

Тарсам, ки ба оқибат бимонад
Дар чашми Сикандар оби ҳайвон.

Дил буду ба дасти дилбар афтод,
Ҷон асту фидои рӯи ҷонон.

Оқил накунад шикоят аз дард,
Модом, ки ҳаст умеди дармон.

Бе мор ба сар намеравад ганҷ,
Бе хор намедамад гулистон.

Гар дар назарат бисӯхт, Саъдӣ,
Маҳро чӣ ғам аз ҳалоки каттон?

Парвона бикушт хештанро,
Бар шамъ чӣ лозим аст товон?

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *