Бархез, ки меравад зимистон

Ғазали шумораи 447

Бархез, ки меравад зимистон,
Бикшой дари сарои бустон.

Норанҷу бунафша бар табақ неҳ,
Манқал бигузор дар шабистон.

В-ин парда бигӯй, то ба якбор
Заҳмат бибарад зи пеши айвон.

Бархез, ки боди субҳи Наврӯз
Дар боғча мекунад гул афшон.

Хомӯшии булбулони муштоқ
Дар мавсими гул надорад имкон.

Овози дуҳул ниҳон намонад
Дар зери гилему ишқ пинҳон.

Бӯи гули бомдоди Наврӯз,
В-овози хуши ҳазордастон.

Бас ҷома фурӯхтасту дастор,
Бас хона, ки сӯхтасту дуккон.

Моро сари дӯст бар канор аст,
Онак, сари душманону сандон!

Чашме, ки ба дӯст бар кунад дӯст,
Бар ҳам наниҳад зи тирборон.

Саъдӣ, чу ба мева мерасад даст,
Саҳл аст ҷафои бӯстонбон.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *