Фироқи дӯстонаш боду ёрон

Ғазали шумораи 452

Фироқи дӯстонаш боду ёрон,
Ки моро дур кард аз дӯстдорон!

Дилам дар банди танҳоӣ бифарсуд,
Чу булбул дар қафас рӯзи баҳорон.

Ҳалоки мо чунон муҳмал¹ гирифтанд,
Ки қатли мӯр дар пои саворон.

Ба хайли ҳар кӣ меоям ба зинҳор,
Намебинам ба ҷуз зинҳорхорон.

Надонистам, ки дар поёни суҳбат
Чунин бошад вафои ҳақгузорон.

Ба ганҷи шойгон² афтода будам,
Надонистам, ки бар ганҷанд морон.

Дило, гар дӯсте дорӣ, ба ночор
Бибояд бурданат ҷаври ҳазорон.

Хилофи шарти ёрон аст, Саъдӣ,
Ки баргарданд рӯзи тирборон.

Чӣ хуш бошад саре дар пои ёре,
Ба ихлосу иродат ҷонсупорон.

Саъдии Шерозӣ


¹ Осон.
² Ганҷи бисёр мумтоз дар навъи худ дар бисёрию пурқиматӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *