Чанд бишояд ба сабр дида фурӯ дӯхтан?!

Ғазали шумораи 457

Чанд бишояд ба сабр дида фурӯ дӯхтан?!
Хирмани моро намонд чора ба ҷуз сӯхтан.

Гар назари сидқро ном гунаҳ мениҳанд,
Ҳосили мо ҳеч нест, ҷуз гунаҳ андӯхтан.

Чанд ба шаб дар самоъ ҷома даридан зи шавқ,
Рӯзи дигар бомдод пора бар ӯ дӯхтан?

Зуҳд нахоҳад харид чораи ранҷури ишқ,
Шамъу шароб асту шайд¹ пеши ту нафрӯхтан.

То ба кадом обрӯй зикри висолат кунем,
Шукри хаёлат ҳанӯз менатавон тӯхтан.

Лаҳҷаи ширини ман пеши даҳони ту чист?
Дар назари офтоб машъала афрӯхтан.

Мантиқи Саъдӣ шунид ҳосиду ҳайрон бимонд,
Чораи ӯ хомушист ё сухан омӯхтан.

Саъдии Шерозӣ


¹ Тазвир, риё.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *