Гар мутасаввар шудӣ бо ту даромехтан

Ғазали шумораи 458

Гар мутасаввар шудӣ бо ту даромехтан,
Ҳайф набудӣ вуҷуд дар қадамат рехтан.

Фикрати ман дар ту нест, дар қалами қудратест,
К-ӯ битавонад чунин сурате ангехтан.

Кист, ки марҳам ниҳад бар дили маҷрӯҳи ишқ,
К-иш на маҷоли вуқуф, на раҳи бигрехтан.

Доияи шавқ нест рафтану боз омадан,
Қоидаи меҳр нест бастану бигсехтан.

Оби равони сиришк, в-оташи сӯзони оҳ
Пеши ту бод асту хок бар сари худ бехтан.

Ҳар кӣ ба шаб шамъвор дар назари шоҳидест,
Бок надорад ба рӯз куштану овехтан.

Хӯи ту бо дӯстон талх сухан гуфтан аст,
Чораи Саъдӣ ҳадис бо шакар омехтан.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *