Чӣ хуш бувад ду дилором даст дар гардан

Ғазали шумораи 463

Чӣ хуш бувад ду дилором даст дар гардан,
Ба ҳам нишастану ҳалвои оштӣ хурдан.

Ба рӯзгори азизон, ки рӯзгори азиз
Дареғ бошад бе дӯстон ба сар бурдан.

Агар ҳазор ҷафо сарвқомате бикунад,
Чу худ биёяд, узраш бибояд овардан.

Чӣ шукр гӯямат, эй боди мушкбӯи висол,
Ки бӯстони умедам бихост пажмурдан.

Фироқи рӯи ту ҳар рӯз нафс куштан буд,
Назар ба шахси ту имрӯз рӯҳ парвардан.

Касе ки қимати айёми васл нашносад,
Бибоядаш ду-се рӯзе муфориқат кардан.

Агар саре биравад бегуноҳ дар пое,
Ба хурдае зи бузургон нашояд озурдан.

Ба тозиёна, гирифтам, ки бедиле бизанӣ,
Куҷо тавонад рафтан каманд дар гардан?

Камоли шавқ надоранд ошиқони сабур,
Ки эҳтимол надорад бар оташ афсурдан.

Гар одамисифатӣ, Саъдиё, ба ишқ бимир,
Ки мазҳаби ҳаявон аст ҳамчунин мурдан.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *