Даст бо сарви равон чун нарасад дар гардан

Ғазали шумораи 464

Даст бо сарви равон чун нарасад дар гардан,
Чорае нест, ба ҷуз дидану ҳасрат хурдан.

Одамиро, ки талаб ҳасту тавоноӣ нест,
Сабр агар ҳаст, в-агар нест, бибояд кардан.

Бандбарпой таваққуф чӣ кунад, гар накунад,
Шарти ишқ аст бало дидану пой афшурдан.

Рӯй дар хоки дари дӯст бибояд молид,
Чун муяссар нашавад рӯй ба рӯй овардан.

Ним ҷоне, ки бувад, то надиҳад дӯст ба дӯст,
Ки ба сад ҷон дили ҷонон натавон озурдан.

Саҳл бошад сухани сахт, ки хубон гӯянд,
Ҷаври шириндаҳанон талх набошад бурдан.

Ҳеч шак менакунам, к-оҳуи мушкини Татор
Шарм дорад зи ту мушкинхати оҳугардан.

Рӯзе андар сари кори ту кунам ҷони азиз,
Пеши болои ту боре чу бибояд мурдан.

Саъдиё, дида нигаҳ доштан аз сурати хуб
На чунон аст, ки дил додану ҷон парвардан.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *