То кай, эй ҷон, асари васли ту натвон дидан

Ғазали шумораи 466

То кай, эй ҷон, асари васли ту натвон дидан,
Ки надорад дили ман тоқати ҳиҷрон дидан.

Бар сари кӯи ту, гар хӯи ту ин хоҳад буд,
Дил ниҳодам ба ҷафоҳои фаровон дидан.

Ақл бе хештан аз ишқи ту дидан то чанд?
Хештан бе дилу дил бе сару сомон дидан.

Тан ба зери қадамат хок тавон кард, валек
Гард бар гӯшаи наълайни ту натвон дидан.

Ҳар шабам зулфи сиёҳи ту намоянд ба хоб,
То чӣ ояд ба ман аз хоби парешон дидан.

Бо вуҷуди руху болои ту кӯтаҳназарист
Дар гулистон шудану сарви хиромон дидан.

Гар бар ин чоҳи занахдони ту раҳ бурдӣ Хизр,
Бениёз омадӣ аз чашмаи ҳайвон дидан.

Ҳар дили сӯхта, к-андар хами зулфи ту фитод,
Гӯй аз он беҳ натавон дар хами чавгон дидан.

Он чи аз наргиси махмури ту дар чашми ман аст,
Барнахезад ба гулу лолаву райҳон дидан.

Саъдиё, ҳасрати беҳуда махур, донӣ чист
Чораи кори ту? Ҷон додану ҷонон дидан.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *