Охир, нигаҳе ба сӯи мо кун

Ғазали шумораи 467

Охир, нигаҳе ба сӯи мо кун,
Дарде ба иродате даво кун.

Бисёр хилофи аҳд кардӣ,
Охир, ба ғалат яке вафо кун.

Моро ту ба хотирӣ ҳама рӯз,
Як рӯз ту низ ёди мо кун.

Ин қоидаи хилоф бигзор,
В-ин хӯи муонадат¹ раҳо кун.

Бархезу дари сарой дарбанд,
Биншину қабои баста во кун.

Онро, ки ҳалок меписандӣ,
Рӯзе ду ба хидмат ошно кун.

Чун унс гирифту меҳр пайваст,
Бозаш ба фироқ мубтало кун.

Саъдӣ, чу ҳариф ногузир аст,
Тан дардиҳу чашм дар қазо кун.

Шамшер ки мезанад, сипар бош,
Дашном ки медиҳад, дуо кун.

Зебо набувад шикоят аз дӯст,
Зебо ҳама рӯз, гӯ, ҷафо кун!

Саъдии Шерозӣ


¹ Душманӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *