Чашм агар бо дӯст дорӣ, гӯш бо душман макун

Ғазали шумораи 468

Чашм агар бо дӯст дорӣ, гӯш бо душман макун,
Тирборони қазоро ҷуз ризо ҷавшан макун.

Ҳар кӣ нанҳодаст чун парвона дил бар сӯхтан,
Гӯ, ҳарифи оташинро тавфи пироман макун.

Ҷои парҳез аст дар кӯи шакаррезон гузашт,
Ё ба тарки дил бигӯ, ё чашм во равзан макун.

Кист, к-ӯ бар мо ба бероҳӣ гувоҳӣ медиҳад?
Гӯ, бибин он рӯи шаҳророву айби ман макун.

Дӯстон ҳаргиз нагардонанд рӯй аз меҳри дӯст,
Не, маозаллаҳ, қиёси дӯст аз душман макун.

То равон дорад, равон дорам ҳадисаш бар забон,
Сангдил гӯяд, ки ёди ёри симинтан макун.

Мурдан андар кӯи ишқ аз зиндагонӣ хуштар аст,
То намирӣ, дасти меҳраш кӯтаҳ аз доман макун.

Шоҳид оина-сту ҳар касро, ки шакле хуб нест,
Гӯ, нигаҳ бисёр дар оинаи равшан макун.

Саъдиё, бо соиди симин нашояд панҷа кард,
Гарчи бозу сахт дорӣ, зӯр бо оҳан макун.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *