Сайди биёбони ишқ чун бихурад тири ӯ

Ғазали шумораи 481

Сайди биёбони ишқ чун бихурад тири ӯ,
Сар натавонад кашид пой зи занҷири ӯ.

Гӯ, ба синонам бидӯз ё ба хадангам бизан,
Гар ба шикор омадаст давлати нахҷири ӯ!

Гуфтам, аз осеби ишқ рӯй ба олам ниҳам,
Арсаи олам гирифт ҳусни ҷаҳонгири ӯ.

Бо ҳама тадбири хеш мо сипар андохтем,
Рӯй ба девори сабр, чашм ба тақдири ӯ.

Чораи мағлуб нест, ҷуз сипар андохтан,
Чун натавонад, ки сар даркашад аз тири ӯ.

Куштаи машуқро дард набошад, ки халқ
Зинда ба ҷонанду мо зинда ба таъсири ӯ.

Ӯ ба фиғон омадаст з-ин ҳама таъҷили мо,
Эй аҷабу мо ба ҷон з-ин ҳама таъхири ӯ.

Дар ҳама гетӣ нигоҳ кардаму боз омадам,
Сурати кас хуб нест пеши тасовири ӯ.

Саъдии ширинзабон, ин ҳама шӯр аз куҷо?
Шоҳиди мо оятест, в-ин ҳама тафсири ӯ.

Оташе аз сӯзи ишқ дар дили Довуд буд,
То ба фалак мерасад бонги мазомири ӯ.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *