Ҳар кас ба тамошое рафтанд ба саҳрое

Ғазали шумораи 507

Ҳар кас ба тамошое рафтанд ба саҳрое,
Моро, ки ту манзурӣ, хотир наравад ҷое.

Ё чашм намебинад, ё роҳ намедонад,
Ҳар к-ӯ ба вуҷуди худ дорад зи ту парвое.

Девонаи ишқатро ҷое назар афтодаст,
К-он ҷо натавонад рафт андешаи доное.

Уммеди ту берун бурд аз дил ҳама уммеде,
Савдои ту холӣ кард аз сар ҳама савдое.

Зебо нанамояд сарв андар назари ақлаш,
Он к-иш назаре бошад бо қомати зебое.

Гӯянд рафиқонам, дар ишқ чӣ сар дорӣ?
Гӯям, ки саре дорам дарбохта дар пое.

Зинҳор намехоҳам, к-аз куштан амонам деҳ,
То сертарат бинам, як лаҳза мудорое.

Дар Порс, ки то будаст, аз валвала осудаст,
Бим аст, ки бархезад аз ҳусни ту ғавғое.

Ман даст нахоҳам бурд, илло ба сари зулфат,
Гар дастрасӣ бошад як рӯз ба яғмое.

Гӯянд таманное аз дӯст бикун, Саъдӣ,
Ҷуз дӯст нахоҳам кард аз дӯст таманное.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *