Хилофи шарти муҳаббат чӣ маслиҳат дидӣ

Ғазали шумораи 540

Хилофи шарти муҳаббат чӣ маслиҳат дидӣ,
Ки баргузаштию аз дӯстон напурсидӣ?

Гирифтамат, ки наёмад зи рӯи халқ озарм,
Ки бегунаҳ бикушӣ, аз Худо натарсидӣ?

Бипӯш рӯи нигорину мӯи мушкинро,
Ки ҳусни талъати хуршедро бипӯшидӣ.

Ҳазор бедили муштоқро ба ҳасрати он,
Ки лаб ба лаб бирасад, ҷон ба ҷон расонидӣ.

Маҳаллу қимати хеш он замон бидонистам,
Ки баргузаштию моро ба ҳеч нахридӣ.

Ҳазор бор бигуфтему ҳеч дар нагирифт,
Ки гирди ишқ магард, эй фақиру гардидӣ.

Туро маломати риндону ошиқон, Саъдӣ,
Дигар ҳалол набошад, ки худ билағзидӣ.

Ба теғ мезаду мерафту боз менигарист,
Ки тарки ишқ нагуфтӣ, сазои худ дидӣ.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *