Магар дигар сухани душманон ниюшидӣ

Ғазали шумораи 541

Магар дигар сухани душманон ниюшидӣ,
Ки рӯи чун қамар аз дӯстон бипӯшидӣ?!

Ман аз ҷафои замон, булбуло, нахуфтам дӯш,
Туро чӣ буд, ки то субҳ мехурӯшидӣ?

Қазо ба нолаи мазлуму лобаи маҳрум
Дигар намешавад, эй нафс, баски ҷӯшидӣ.

Кунун ҳаловати пайвандро бидонӣ қадр,
Ки шарбати ғами ҳиҷрони талх нӯшидӣ.

Ба муқтазои замон иқтисор¹ кун, Саъдӣ,
Ки он чи ғояти ҷаҳди ту буд, кӯшидӣ.

Саъдии Шерозӣ


¹ Басанда, қаноат.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *