Бахти оина надорам, ки дар ӯ менигарӣ

Ғазали шумораи 545

Бахти оина надорам, ки дар ӯ менигарӣ,
Хоки бозор наярзам, ки бар ӯ мегузарӣ.

Ман чунон ошиқи рӯят, ки зи худ бехабарам,
Ту чунон фитнаи хешӣ, ки зи мо бехабарӣ.

Ба чӣ монанда кунам дар ҳама офоқ туро?
К-ончи дар ваҳми ман ояд, ту аз он хубтарӣ.

Бурқаъ аз пеши чунин рӯй нашояд бардошт,
Ки ба ҳар гӯшаи чашме дили халқе бибарӣ.

Дидаеро, ки ба дидори ту дил менаравад,
Ҳеч иллат натавон гуфт, ба ҷуз бебасарӣ.

Гуфтам, аз дасти ғамат сар ба ҷаҳон-дар биниҳам,
Натавонам, ки ба ҳар ҷо биравам, дар назарӣ.

Ба фалак меравад оҳи саҳар аз синаи мо,
Ту ҳаме бар накунӣ дида зи хоби саҳарӣ.

Хуфтагонро хабар аз меҳнати бедорон нест,
То ғамат пеш наёяд, ғами мардум нах(в)арӣ.

Ҳар чӣ дар васфи ту гӯянд ба некӯӣ, ҳаст,
Айбат он аст, ки ҳар рӯз ба табъе дигарӣ.

Гар ту аз парда бурун оию рух бинмоӣ,
Парда бар кори ҳама парданишинон бидарӣ.

Узри Саъдӣ наниҳад, ҳар кӣ туро нашносад,
Ҳоли девона надонад, ки надидаст парӣ.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *