Ду чашми масти ту бардошт расми ҳушёрӣ

Ғазали шумораи 562

Ду чашми масти ту бардошт расми ҳушёрӣ,
В-агарна, фитна надидӣ ба хоб бедорӣ.

Замона бо ту чӣ даъво кунад ба бадмеҳрӣ?
Сипеҳр бо ту паҳлӯ занад ба ғаддорӣ?

Муаллимат ҳама шӯхию дилбарӣ омӯхт,
Ба дӯстит васийят накарду дилдорӣ.

Чу гул латиф, валекин ҳарифи авбошӣ,
Чу зар азиз, валекин ба дасти ағёрӣ.

Ба сайд кардани дилҳо чӣ шӯху ширинӣ,
Ба хира куштани танҳо чӣ ҷалду айёрӣ.

Дилам рабудию ҷон медиҳам ба тиби нафас,
Ки ҳаст роҳати дарвеш дар сабукборӣ.

Гар афтадат гузаре бар вуҷуди куштаи ишқ,
Сухан бигӯй, ки дар ҷисми мурда ҷон орӣ.

Гарат иродат бошад ба шӯриши дили халқ,
Бишӯр зулф, ки дар ҳар хаме диле дорӣ.

Чу бут ба Каъба нигунсор бар замин афтанд
Ба пеши қиблаи рӯят бутони фархорӣ.

Даҳони пуршакаратро масал ба нуқта зананд,
Ки рӯи чун қамарат шамсаест¹ паргорӣ.

Ба гирди нуқтаи сурхат изори сабз чунон,
Ки нимдоирае баркашанд зангорӣ.

Ҳазор нома паёпай нависамат, ки ҷавоб
Агарчи талх диҳӣ, дар сухан шакар борӣ.

Зи ҳалқ гӯи латофат ту бурдаӣ имрӯз
Ба хубрӯию Саъдӣ ба хубгуфторӣ.

Саъдии Шерозӣ


¹ Нақши зинатӣ ба шакли офтоб.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *