Умре ба бӯи ёре кардем интизоре

Ғазали шумораи 563

Умре ба бӯи ёре кардем интизоре,
З-он интизор моро накшуд ҳеч коре.

Аз давлати висолаш ҳосил нашуд муроде,
В-аз меҳнати фироқаш бар дил намонд боре.

Ҳар дам ғами фироқаш бар дил ниҳод боре,
Ҳар лаҳза дасти ҳаҷраш дар дил шикаст хоре.

Эй зулфи ту каманде, абрӯи ту камоне,
В-эй қомати ту сарве, в-эй рӯи ту баҳоре.

Донам, ки фориғӣ ту аз ҳолу дарди Саъдӣ,
К-ӯро дар интизорат хун шуд ду дида боре.

Дарёб ошиқонро, к-афзун кунад сафоро,
Бишнав ту ин суханро, к-ин аст ёдгоре.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *