Агар ту майли муҳаббат кунӣ, в-агар накунӣ

Ғазали шумораи 603

Агар ту майли муҳаббат кунӣ, в-агар накунӣ,
Ман аз ту рӯй напечам, ки мустаҳабби манӣ.

Чу сарв дар чаманӣ рост дар тасаввури ман,
Чӣ ҷои сарв, ки монанди рӯҳ дар баданӣ.

Ба сайди оламиёнат каманд ҳоҷат нест,
Ҳамин бас аст, ки бурқаъ зи рӯй барфиканӣ.

Баёзи соъиди симин мапӯш дар сафи ҷанг,
Ки бе такаллуфи шамшер лашкаре бизанӣ.

Муборизони ҷаҳон қалби душманон шикананд,
Туро чӣ шуд, ки ҳама қалби дӯстон шиканӣ?

Аҷаб дар он ки на офоқ дар ту ҳайронанд,
Ту ҳам дар оина ҳайрони ҳусни хештанӣ.

Туро ки дар назар омад ҷамоли талъати хеш,
Ҳақиқат аст, ки дигар назар ба мо накунӣ.

Касе дар оина шахсе бад-ин сифат бинад,
Кунад ҳар оина ҷавру ҷафову кибру манӣ.

Дар он даҳан, ки ту дорӣ, сухан намегунҷад,
Ман одамӣ нашунидам бад-ин шакардаҳанӣ.

Шунидаӣ, ки мақолоти Саъдӣ аз Шероз
Ҳамебаранд ба олам чу нофаи хутанӣ?

Магар ки номи хушат бар даҳони ман бигузашт?
Бирафт номи ман андар ҷаҳон ба хушсуханӣ.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *