Зинда бе дӯст хуфта дар ватане

Ғазали шумораи 604

Зинда бе дӯст хуфта дар ватане
Масали мурдаест дар кафане.

Айшро бе ту айш натвон гуфт,
Чӣ бувад бе вуҷуди рӯҳ тане?

То сабо меравад ба бустонҳо,
Чун ту сарве наёфт дар чамане.

В-офтобе, хилофи имкон аст,
Ки барояд зи ҷайби пираҳане.

В-он шикан бар шикан қабоили зулф,
Ки балоест зери ҳар шикане.

Бар сари кӯи ишқ бозорест,
Ки наёрад ҳазор ҷон самане¹.

Ҷои он аст, агар бибахшоӣ,
Ки набинӣ фақиртар зи мане.

Ҳафт кишвар намекунанд имрӯз
Бе мақолоти Саъдӣ анҷумане.

Аз ду берун на: ё дилат санг аст,
Ё ба гӯшат намерасад сухане.

Саъдии Шерозӣ


¹ Баҳо, қимат.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *