Кас нагузашт дар дилам, то ту ба хотири манӣ

Ғазали шумораи 606

Кас нагузашт дар дилам, то ту ба хотири манӣ,
Як нафас аз даруни ман хайма ба дар намезанӣ.

Меҳргиёҳи аҳди ман тозатар аст ҳар замон,
В-ар ту дарахти дӯстӣ аз буну бех барканӣ.

Кас наситонадам ба ҳеч, ар ту биронӣ аз дарам,
Муқбили ҳар ду оламам, гар ту қабул мекунӣ.

Чун ту бадеъсурате бе сабаби кудурате
Аҳди вафои дӯстон ҳайф бувад, ки бишканӣ.

Сабр ба тоқат омад аз бор кашидани ғамат,
Чанд муқовимат кунад ҳаббаву санги садманӣ?

Аз ҳама кас рамидаам, то ба ту орамидаам,
Ҷамъ намешавад дигар, ҳар чӣ ту мепароканӣ.

Эй дил, агар фироқи ӯ, в-оташи иштиёқи ӯ
Дар ту асар намекунад, ту на дилӣ, ки оҳанӣ.

Ҳам ба дари ту омадам аз ту, ки хасму ҳокимӣ,
Чораи пойбастагон нест ба ҷуз фурӯтанӣ.

Саъдӣ, агар ҷазаъ кунӣ, в-ар накунӣ, чӣ фоида?
Сахткамон чӣ ғам хурад, гар ту заъифҷавшанӣ?

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *