Завқе чунон надорад бе дӯст зиндагонӣ

Ғазали шумораи 613

Завқе чунон надорад бе дӯст зиндагонӣ,
Дудам ба сар баромад з-ин оташи ниҳонӣ.

Шероз дар набастаст аз корвон, валекин
Моро намекушоянд аз қайди меҳрбонӣ.

Уштур,ки ихтиёраш дар дасти худ набошад,
Мебоядаш кашидан боре ба нотавонӣ.

Хуни ҳазор Вомиқ хурдӣ ба дилфиребӣ,
Даст аз ҳазор Азро бурдӣ ба дилситонӣ.

Суратнигори чинӣ бехештан бимонад,
Гар суратат бибинад сар то ба сар маъонӣ.

Эй бар дари сароят ғавғои ишқбозон,
Ҳамчун бар оби ширин ошӯби корвоне.

Ту фориғию ишқат бозича менамояд,
То хирманат насӯзад, ташвиши мо надонӣ.

Мегуфтамат, ки ҷонӣ, дигар дареғам ояд,
Гар ҷавҳаре беҳ аз ҷон мумкин бувад, ту онӣ.

Сарвӣ, чу дар самоъӣ, бадрӣ, чу дар ҳадисӣ,
Субҳӣ, чу дар канорӣ, шамъӣ, чу дар миёнӣ.

Аввал чунин набудӣ, боре ҳақиқате шуд,
Дӣ ҳаззи нафс будӣ, имрӯз қути ҷонӣ.

Шаҳр они тусту шоҳӣ, фармой, ҳар чӣ хоҳӣ,
Гар бе амал бибахшӣ, в-ар бе гунаҳ биронӣ.

Рӯи умеди Саъдӣ бар хоки остон аст,
Баъд аз ту кас надорад, ё ғояталамонӣ¹.

Саъдии Шерозӣ


¹ Ниҳояти орзуҳо.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *