Надонамат ба ҳақиқат, ки дар ҷаҳон ба кӣ монӣ

Ғазали шумораи 615

Надонамат ба ҳақиқат, ки дар ҷаҳон ба кӣ монӣ,
Ҷаҳону ҳар чӣ дар ӯ ҳаст, суратанду ту ҷонӣ.

Ба пои хештан оянд ошиқон ба камандат,
Ки ҳар киро ту бигирӣ, зи хештан бираҳонӣ.

Маро мапурс, ки чунӣ ба ҳар сифат, ки ту хоҳӣ,
Маро магӯ, ки чӣ номӣ¹ ба ҳар лақаб, ки ту хоҳӣ.

Чунон ба назраи² аввал зи шахс мебибарӣ дил,
Ки боз менатавонад гирифт назраи сонӣ.

Ту парда пеш гирифтию з-иштиёқи ҷамолат
Зи пардаҳо бадар афтод розҳои ниҳонӣ.

Бар оташи ту нишастему дуди шавқ баромад,
Ту соате нанишастӣ, ки оташе бинишонӣ.

Чу пеши хотирам ояд хаёли сурати хубат,
Надонамат, ки чӣ гӯям зи ихтилофи маъонӣ.

Маро гуноҳ набошад назар ба рӯи ҷавонон,
Ки пир донад миқдори рӯзгори ҷавонӣ.

Туро, ки дида зи хобу хумор боз набошад,
Риёзати мани шаб то саҳар нишаста чӣ донӣ?

Ман, эй сабо, раҳи рафтан ба кӯи дӯст надонам,
Ту меравӣ, ба саломат саломи ман бирасонӣ.

Сар аз каманди ту Саъдӣ ба ҳеч рӯй натобад,
Асири хеш гирифтӣ, бикуш чунон ки ту донӣ.

Саъдии Шерозӣ

¹ Чӣ ном дорӣ.
² Як нигоҳ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *