Рӯзе ба занахдонат гуфтам: Биҳи симинӣ

Ғазали шумораи 624

Рӯзе ба занахдонат гуфтам: Биҳи симинӣ,
Гуфт: Ар назаре дорӣ, моро беҳ аз ин бинӣ.

Хуршеду гулат хонам, ҳам тарки адаб бошад,
Чархи маҳу хуршедӣ, боғи гулу насринӣ.

Ҳоҷат ба нигоридан набвад рухи зеборо,
Ту моҳи парипайкар, зебову нигоринӣ.

Бар бистари ҳиҷронат бинанду напурсандам,
Кас сӯхтахирманро гӯяд, ба чӣ ғамгинӣ?

Биншин, ки фиғон аз мо бархост дар айёмат,
Бас фитна, ки бархезад, ҳар ҷо, ки ту биншинӣ.

Гар бандаи худ хонӣ, афтем ба султонӣ,
В-ар рӯй бигардонӣ, рафтем ба мискинӣ.

Кас айб наёрад гуфт, онро ки ту бипсандӣ,
Кас рад натавонад кард, онро ки ту бигзинӣ.

Ишқи лаби ширинат рӯзе бикушад Саъдӣ,
Фарҳод чунин куштаст он шӯх ба ширинӣ.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *