Надонам, аз мани хастаҷигар чӣ мехоҳӣ

Ғазали шумораи 637

Надонам, аз мани хастаҷигар чӣ мехоҳӣ,
Дилам ба ғамза рабудӣ, дигар чӣ мехоҳӣ?

Агар ту бар дили ошуфтагон бибахшоӣ,
Зи рӯзгори ман ошуфтатар чӣ мехоҳӣ?

Ба ҳарза умри ман андар сари вафои ту шуд,
Ҷафо зи ҳад бигузашт, эй писар, чӣ мехоҳӣ?

Зи дидаву сари ман, он чи ихтиёри ту аст,
Ба дида, ҳар чӣ ту гӯӣ, ба сар¹, чӣ мехоҳӣ?

Шунидаам, ки туро илтимос шеъри раҳист,
Ту кони қанду наботӣ, шакар чӣ мехоҳӣ?

Ба умре аз рухи хуби ту бурдаам назаре,
Кунун ғаромати он як назар чӣ мехоҳӣ?

Дареғ нест зи ту, ҳар чӣ ҳаст Саъдиро,
Вай он кунад, ки ту гӯӣ, дигар чӣ мехоҳӣ?

Саъдии Шерозӣ


¹ Ба чашм ва болои сар (ҳангоми итоати маҳз гуфта мешавад).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *