Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро

3

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.

Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.

Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?!

Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт,донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.

Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.

Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.