Аз ин тааллуқи беҳуда то ба ман чӣ расад

190

Аз ин тааллуқи беҳуда то ба ман чӣ расад,
В-аз он ки хуни дилам рехт, то ба тан чӣ расад?

Ба гарди пои самандаш намерасад муштоқ,
Ки дастбӯс кунад, то бад-он даҳан чӣ расад.

Ҳама хатои ман аст, ин ки меравад бар ман,
Зи дасти хештанам то ба хештан чӣ расад.

Биё, ки гар ба гиребони ҷон расад дастам,
Зи шавқ пора кунам, то ба пираҳан чӣ расад.

Кӣ дид ранги баҳоре ба ранги рухсорат,
Ки оби1 гул бибарад, то ба ёсуман чӣ расад.

Рақиб кист, ки дар моҷарои хилвати мо
Фаришта раҳ набарад, то ба Аҳриман чӣ расад.

Зи ҳар набот, ки ҳуснею манзаре дорад,
Ба сарви қомати он нозанинбадан чӣ расад?

Чу Хусрав аз лаби Ширин намебарад мақсуд,
Қиёс кун, ки ба Фарҳоди Кӯҳкан чӣ расад.

Закоти лаъли лабатро басе талабгорам,
Миёни ин ҳама хоҳандагон ба ман чӣ расад?

Расид нолаи Саъдӣ ба ҳар кӣ дар офоқ,
В-агар абир насӯзад, ба анҷуман чӣ расад?


1 Обрӯй.