Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад

268

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Ман мондаам маҳҷур1 аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.

Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам реши дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.

Маҳмил бидор, эй сорвон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯӣ, равонам меравад.

Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.

Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нох(в)ашам,
Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.

Бо он ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ, ё бар забонам меравад.

Боз ою бар чашмам нишин, эй дилситони нозанин,
К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад.

Шаб то саҳар менағнавам2 в-андарзи кас менашнавам,
В-ин раҳ на қосид меравам, к-аз каф инонам меравад.

Гуфтам, бигирям, то ибил3 чун хар фурӯ монад ба гил,
В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад.

Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.

Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

Саъдӣ, фиғон аз дасти мо лоиқ набуд, эй бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.


1 Ҷудо, дур.
2 Намеосоям.
3 Шутур.