Бани Одам аъзои якдигаранд

Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Ҳамаи фарзандони ҳазрати Одам, алайҳиссалом, яъне тамоми башарият, ҳамчун узвҳои як бадан бо ҳамдигар пайванд мебошанд, зеро ҳамаи инсонҳо (новобаста аз ҷинс, миллат, нажод, дин ва ранги пӯсташон) аз як гавҳар ва аз як асл офарида шудаанд.

(Хусусияти бадани инсон чунин аст, ки) агар як узви он дардманд бошад, тамоми узвҳои дигар, яъне тамоми бадан беқарор мешавад ва оромиш намеёбад. (Масалан, агар дандони касе дард кунад, тамоми шаб бедор мемонад ва дар натиҷа на танҳо ҳамон узви дардманд, балки тамоми бадан азоб мекашад. Пас, аз сабабе, ки инсонҳо низ чун узвҳои як бадан бо ҳамдигар пайваст ҳастанд, агар як нафар аз онҳо бо дарде ва мушкиле гирифтор шавад, касони дигар низ оромиш надошта, барои мушкили он бародари худ дар ташвиш мешаванд ва барои ҳалли мушкили ӯ шитоб мекунанд.)

Агар ту аз ғаму азоби дигарон ғам надошта бошӣ ва нисбати мушкилоти дигарон парво надошта бошӣ, туро аз насли одам донистан дуруст нест ва ту шоистаи номи баланди одамӣ нестӣ. (Пас, инсонӣ ҳақиқӣ касест, ки нисбати дигарон ва нисбати мушкилоти дигарон бепарво нест, балки бо инсонҳои дигар ҳамдилӣ ва ёрмандӣ мекунад.)

(Шореҳони «Гулистон» овардаанд, ки ин байтҳои баланд мазмуни ояи якуми сураи «Нисо» аз Қуръони карим аст, ки дар он омадааст, ки Худованд ҳамаи инсонҳоро аз як гавҳар офаридааст. Ҳамчунин, ин мазмун дар ҳадиси пайғамбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба таври дақиқ баён шудааст, ки мефармояд, «мӯъминон дар пайвастагӣ бо ҳам мисли аъзои як пайкар мебошанд, ҳар гоҳ як узви он пайкар дардманд гардад, узвҳои дигар низ беқарор гашта, бо он (узви дардманд) ҳамдардӣ менамоянд».

Ин байтҳо яке аз муҳимтарин ва маъруфтарин суханони Саъдии Шерозӣ ва яке аз баландтарин офаридаҳои тамоми адабиёти ҷаҳонӣ буда, дараҷаи баланди инсондӯстии Саъдӣ ва сатҳи бисёр баланди ҷаҳонбинии ниёгони моро нишон медиҳанд. Ин суханон аз тарафи тамоми башар эътироф гашта, ба яке аз шиорҳои баланди инсоният табдил ёфтааст ва ҷойи ифтихор аст, ки ин байтҳои Саъдӣ бо забонҳои гуногун тарҷума шуда, бар пештоқи бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Женева (кишвари Швейтсария) бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.)