Ба бозувони тавонову қуввати сари даст

Ба бозувони тавонову қуввати сари даст,
Хатост панҷаи мискини нотавон бишкаст.

Натарсад он, ки бар уфтодагон набахшояд,
Ки гар зи пой дарояд, касаш нагирад даст?

Ҳар онки тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт,
Димоғи беҳуда пухту хаёли ботил баст.

Зи гӯш пунба бурун ору доди халқ бидеҳ,
В-агар ту менадиҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст.

Агар инсони тавоно ва қудратманд қувваи бозуи худро барои шикастани панҷаи заифони нотавон сарф намояд, ин коре бисёр нодуруст мебошад. (Яъне, нишонаи мардонагӣ он нест, ки зӯрии худро нисбати заифон ба кор барӣ ва ё зӯру мансабу қудрати худро барои ситам кардан ба фақирону бечорагон истифода намоӣ.)

Он касе, ки (дар вақти қудратмандӣ ва тавоноӣ) ба мардуми бечора раҳм наменамояд (ва мардумро дастгирӣ намекунад), оё наметарсад, ки вақте худи ӯ аз қудрат маҳрум шавад ва ё аз сари вазифа равад, ҳеҷ кас ӯро дастгирӣ намекунад? (Пас, ӯ бояд битарсад, ки рӯзе шояд ӯ ҳам заиф мешавад ва он вақт касе дасти ӯро намегирад. Чуноне, ки Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд:

Доим гули ин бустон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ.)

Касе, ки тухми бадӣ кишт намояду ҳосили некиро интизор шавад, яъне, он кас, ки (ба мардум) бадӣ бикунад ва чашму гумон дошта бошад, ки дар ивазаш аз мардум некӣ мебинад, андешаи беҳуда намудааст ва хаёли хом кардааст. (Зеро ҳаргиз ҳосили бадӣ некӣ нест, балки ҳосили бадӣ бадӣ аст, чуноне, ки гуфтаанд: бубин, ҳарчӣ корӣ, ҳамон бидравӣ…)

(Пас, эй касе, ки қудрату тавоноӣ дорӣ), аз гӯши худ пахтаро берун ор (ва ин суханро ва аҳволу шикояти мардумро бишунав) ва бо мардум аз рӯи инсофу адолат рафтор намо, зеро агар имрӯз ту доди мардумро надиҳӣ, (яъне бо мардум раҳм накунӣ ва мушкилоташонро ҳал накунӣ), дар пеш рӯзи додхоҳиву адолат, яъне Рӯзи қиёмат ҳаст, ки дар он рӯз ҳамаи рафтори ту аз рӯи адолат пурсида ва баҳо дода мешавад. (Ва дар он рӯз, барои зулм дар ҳаққи мардум ҷазои худро аз тарафи Худованд ҳатман мебинӣ).