Ало, эй оҳуи ваҳшӣ, куҷоӣ?

Маснавӣ (Ало, эй оҳуи ваҳшӣ…)

Ало, эй оҳуи ваҳшӣ, куҷоӣ?
Маро бо туст чандин ошноӣ.

Ду танҳову ду саргардон, ду бекас,
Даду домат камин аз пешу аз пас.

Биё, то ҳоли якдигар бидонем,
Муроди ҳам биҷӯем, ар тавонем,

Ки мебинам, ки ин дашти мушавваш
Чарогоҳе надорад хурраму х(в)аш.

Кӣ хоҳад шуд, бигӯед, эй ҳабибон,
Рафиқи бекасон, ёри ғарибон?

Магар Хизри муборакпай дарояд,
Зи юмни ҳимматаш коре гушояд.

Магар вақти вафо парвардан омад,
Ки фолам «ло тазарнӣ фардан» омад.

Чунинам ҳаст ёд аз пири доно,
Фаромӯшам нашуд ҳаргиз ҳамоно,

Ки рӯзе раҳраве дар сарзамине,
Ба лутфаш гуфт ринде, раҳнишине.

Ки: Эй солик, чӣ дар анбона дорӣ?
Биё, доме бинеҳ, гар дона дорӣ!

Ҷавобаш доду гуфто: Дом дорам,
Вале Симурғ мебояд шикорам.

Бигуфто: Чун ба даст орӣ нишонаш,
Ки аз мо бенишон аст ошёнаш?

Чу он сарви равон шуд корвонӣ,
Чу шохи сарв мекун дидабонӣ!

Мадеҳ ҷоми маю пойи гул аз даст,
Вале ғофил мабош аз даҳри сармаст!

Лаби сарчашмаею тарфи ҷӯе,
Нами ашкею бо худ гуфтугӯе,

Ниёзи ман чӣ вазн орад бад-ин соз,
Ки хуршеди ғанӣ шуд кисапардоз.

Ба ёди рафтагону дӯстдорон
Мувофиқ гард бо абри баҳорон.

Чунон бераҳм зад теғи ҷудоӣ,
Ки гӯйӣ худ набудаст ошноӣ.

Накард он ҳамдами дерин мудоро,
Мусалмонон, мусалмонон, Худоро!

Магар Хизри муборакпай тавонад,
Ки ин танҳо бад-он танҳо расонад.

Ту гавҳар бину аз хармуҳра бигзар,
Зи тарзе, к-он нагардад шуҳра, бигзар!

Чу ман моҳии килк орам ба таҳрир,
Ту аз «Нун ва-л-қалам» мепурс тафсир.

Равонро бо хирад дар ҳам сириштам
В-аз он тухме, ки ҳосил буд, киштам.

Фараҳбахшӣ дар ин таркиб пайдост,
Ки нағзи шеъру мағзи ҷони аҷзост.

Биё в-аз накҳати ин тиби уммед
Машоми ҷон муаттар соз ҷовид,

Ки ин нофа зи Чини ҷайби ҳур аст,
На он оҳу, ки аз мардум нафур аст.

Рафиқон, қадри якдигар бидонед,
Чу маълум аст шарҳ, аз бар махонед!

Мақолоти насиҳатгӯ ҳамин аст,
Ки сангандози ҳиҷрон дар камин аст.