Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ

505

Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ,
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бибандию напоӣ.

Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ?

Эй ки гуфтӣ, марав андар паи хубони замона,
Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?

Он на хол асту занахдону сари зулфи парешон,
Ки дили аҳли назар бурд, ки сиррест худоӣ.

Парда бардор, ки бегона худ ин рӯй набинад,
Ту бузургию дар оинаи кӯчак нанамоӣ.

Ҳалқа бар дар натавонам задан аз бими рақибон,
Ин тавонам, ки биёям ба маҳаллат ба гадоӣ.

Ишқу дарвешию ангуштнамоию маломат
Ҳама саҳл аст, таҳаммул накунам бори ҷудоӣ.

Рӯзи саҳрову самоъ асту лаби ҷӯю тамошо,
Дар ҳама шаҳр диле нест, ки дигар бирабоӣ.

Гуфта будам, чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям,
Чӣ бигӯям, ки ғам аз дил биравад, чун ту биёӣ.

Шамъро бояд аз ин хона бурун бурдану куштан,
То ба ҳамсоя нагӯяд, ки ту дар хонаи моӣ.

Саъдӣ он нест, ки ҳаргиз зи камандат бигурезад,
Ки бидонист, ки дар банди ту хуштар, ки раҳоӣ.

Халқ гӯянд, бирав, дил ба ҳавои дигаре деҳ,
Накунам, хоса дар айёми Атобак дуҳавоӣ.