Ту неку бади худ ҳам аз худ бипурс
Ва ман яттақи-ллоҳа яҷъал лаҳу,
Ва юрзуқҳу мин ҳайси ло яҳтасиб.
Шаммае аз достони ишқи шӯрангези мост,
Он ҳикоятҳо, ки аз Фарҳоду Ширин кардаанд.
Сарои қозии Язд арчи манбаи фазл аст,
Хилоф нест, ки илми назар дар он ҷо нест.
Он ки майлаш суйи ҳақбинию ҳақгӯӣ буд,
Соли таърихи вафоташ талаб аз «майли биҳишт».
Подшоҳо, зи сари лутфу карам бозам хон,
Чӣ кунад? Сӯхта аз ғояти ҳирмон мерафт.
Ҷонаш ғариқи раҳмати худ кард, то бувад
Таърихи ин муомила «раҳмони лоямут».
Назири хеш бинагзоштанду бигзаштанд,
Худои азза ва ҷал ҷумларо биёмурзод!
На ба танҳо ҳаявоноту набототу ҷамод,
Ҳар чӣ дар олами амр аст, ба фармони ту бод!
Духтари фикри бикри ман маҳрами мидҳати ту шуд,
Маҳри чунон арӯсро ҳам ба кафат ҳавола бод!
Пас он гаҳаш зи карам ин қадар ба лутф бипурс,
Ки гар вазифа тақозо кунам, раво бошад.
Шаҳпари зоғу заған зебои сайду қайд нест,
Ин каромат ҳамраҳи шаҳбозу шоҳин кардаанд.
То кас умеди ҷуд надорад дигар зи кас,
Омад ҳуруфи соли вафоташ: «Умеди ҷуд».
Духтари шабгарди тунди талхи гулранг асту маст,
Гар биёбедаш, ба сӯи хонаи Ҳофиз баред!
З-он луқма, ки сӯфиро дар маърифат андозад,
Як зарраву сад мастӣ, як донаву сад симурғ.
Канафи раҳмати Ҳақ манзили ӯ дон в-он гаҳ,
Соли таърихи вафоташ талаб аз «раҳмати ҳақ».
Ҷумъаи бисту дувум моҳи ҷамодилаввал,
Дар пасин буд, ки пайваста шуд аз ҷузв ба кул.
Сол хуррам, фол некӯ, мол вофир, ҳол хуш,
Асл собит, насл боқӣ, тахт олӣ, бахт ром!
Мурғи рӯҳаш, к-ӯ ҳумои ошёни қудс буд,
Шуд суйи боғи биҳишт аз доми ин дори миҳан.
Дар ин зулматсаро то кай ба бӯи дӯст биншинам,
Гаҳе ангушт бар дандон, гаҳе сар бар сари зону?
Биё, эй тоири давлат, биёвар муждаи васле…
Эй муъарро асли олиҷавҳарат аз ҳирсу оз
В-эй мубарро зоти маймунахтарат аз зарқу рев,
Дар бузургӣ кай раво бошад, ки ташрифотро…
Давр аз ин беҳтар набошад, соқиё, ишрат гузин!
Ҳол аз ин хуштар набошад, Ҳофизо, соғар бихоҳ!
Ба оби Замзаму Кавсар сафед натвон кард
Гилеми бахти касеро, ки бофтанд сиёҳ.
Зи шоҳроҳи саодат ба боғи ризвон рафт
Вазири комил Абӯнаср Хоҷа Фатҳуллоҳ.
Ҳамеша бод ҷаҳонаш ба кому аз сари сидқ
Камар ба бандагияш баста чархи миноӣ.
Чу рӯзгор ҷуз ин як азиз беш надошт,
Ба умр муҳлате аз рӯзгор боистӣ.
Он меваи биҳиштӣ, к-омад ба дастат, эй ҷон,
Дар дил чаро накиштӣ, аз даст чун биҳиштӣ?
Таърихи ин ҳикоят гар аз ту бозпурсанд…
Ҳеч тадбир намедонамаш аз хоб, ки чист,
Ту бифармой, ки дар фаҳм надорӣ сонӣ.
Бар масонию масолис бинавоз, эй мутриб,
Васфи он моҳ, ки дар ҳусн надорад сонӣ.
Он ки даҳ бо ҳафту ним овард, бас суде накард,
Фурсатат бодо, ки ҳафту ним бо даҳ мекунӣ!