Қуввати шоираи ман саҳар аз фарти малол

5

Қуввати шоираи ман саҳар аз фарти малол
Мутаннафир шуда, аз банда гурезон мерафт.

Нақши Хоразму хаёли лаби Ҷайҳун мебаст,
Ба ҳазарон гила аз мулки Сулаймон мерафт.

Мешуд он кас, ки ҷуз ӯ ҷони сухан кас нашинохт,
Ман ҳамедидаму аз колбадам ҷон мерафт.

Гуфтам: «Акнун сухани хуш кӣ бигӯяд бо мо,
К-он шакарлаҳҷаи хушхони хушалҳон мерафт?»

Лоба бисёр намудам, ки «марав», суд надошт,
З-он ки кор аз назари раҳмати султон мерафт.

Подшоҳо, зи сари лутфу карам бозам хон,
Чӣ кунад? Сӯхта аз ғояти ҳирмон мерафт.