Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.

Эй, инсони хирдманд, медонӣ, ки вазифаи забон дар даҳони инсон аз чӣ иборат аст? Забон калидест, ки ба воситаи он дари ганҷи шахси соҳибҳунар кушода мешавад (яъне, маҳз ба воситаи забон ва гуфтор сатҳи донишу маърифати инсон маълум мегардад.) Агар (забони инсон хомӯш бошад ва) дари ганҷи маърифати ӯ баста бошад, касе фаҳмида наметавонад, ки ин шахс «ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар», яъне инсони хирадманду бомаърифат аст ё шахси бесаводу бетамиз.

(Маҳз забон ва сухани инсон кӣ будани шахсро ошкор мекунад. Чуноне, ки машҳур аст:

Бетамизиҳои мардум дар сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.)