Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро
Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро,
Ҷуз кӯйи ту раҳгузар наёмад моро.
Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида…
Ин муддати умри мо чу гул даҳ рӯз аст,
Хандонлабу тозарӯй мебояд буд.
Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро,
Ҷуз кӯйи ту раҳгузар наёмад моро.
Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида…
Баргир шароби тарабангезу биё,
Пинҳон зи рақиби сафла бистезу биё!
Машнав сухани хасм, ки биншину марав…
Гуфтам, ки «Лабат?» Гуфт: «Лабам об ҳаёт».
Гуфтам: «Даҳанат?» Гуфт: «Зиҳӣ ҳабби набот!»
Гуфтам: «Сухани ту?» Гуфт: «Ҳофиз гуфто…»
Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост,
Ойина ба дасту рӯи худ меорост.
Дасторчае пешкашаш кардам, гуфт…
Ман бо камари ту дар миён кардам даст,
Пиндоштамаш, ки дар миён чизе ҳаст?
Пайдост аз он миён, чу барбаст камар…
Ту бадрию хуршед туро банда шудаст,
То бандаи ту шудаст, тобанда шудаст.
З-он рӯй, ки аз шуъоъи нури рухи ту…
Ҳар рӯз дилам ба зери боре дигар аст,
Дар дидаи ман зи ҳаҷр хоре дигар аст.
Ман ҷаҳд ҳамекунам, қазо мегӯяд…
Моҳам, ки рухаш равшании х(в)ар бигирифт,
Гирди хати ӯ чашмаи Кавсар бигирифт.
Дилҳо ҳама дар чоҳи занахдон андохт…
Имшаб зи ғамат миёни хун хоҳам хуфт
В-аз бистари офият бурун хоҳам хуфт.
Бовар накунӣ, хаёли худро бифирист…
Не қиссаи он шамъи Чигил битвон гуфт,
Не ҳоли дили сӯхтадил битвон гуфт.
Ғам дар дили танги ман аз он аст, ки нест…
Аввал ба вафо майи висолам дардод,
Чун маст шудам, ҷоми ҷафоро сар дод.
Пуроб ду дидаву пур аз оташ дил…
Не давлати дунё ба ситам меарзад,
Не лаззати мастияш алам меарзад.
На ҳафтҳазорсола шодии ҷаҳон…
Ҳар дӯст, ки дам зад зи вафо, душман шуд,
Ҳар покраве, ки буд, тардоман шуд.
Гӯянд шаб обистану ин аст аҷаб…
Чун ғунчаи гул қаробапардоз шавад,
Наргис ба ҳавои май қадаҳсоз шавад.
Фориғ дили он касе, ки монанди хубоб…
Бо май ба канори ҷӯй мебояд буд,
В-аз ғусса канораҷӯй мебояд буд.
Ин муддати умри мо чу гул даҳ рӯз аст…
Ин гул зи бари ҳамнафасе меояд,
Шодӣ ба дилам аз ӯ басе меояд.
Пайваста аз он рӯй кунам ҳамдамияш…
Аз чарх ба ҳар гуна ҳамедор умед,
В-аз гардиши рӯзгор меларз чу бед.
Гуфтӣ, ки «Пас аз сиёҳ ранге набувад!»…
Айёми шабоб аст, шароб авлотар.
Бо сабзхатон бодаи ноб авлотар.
Олам ҳама сар ба сар работест хароб…
Хубони ҷаҳон сайд тавон кард ба зар,
Хуш-хуш бар аз эшон битавон хӯрд ба зар.
Наргис, ки кулаҳдори ҷаҳон аст, бибин…
Селоб гирифт гирди вайронаи умр
В-оғози пурӣ ниҳод паймонаи умр.
Бедор шав, эй хоҷа, ки хуш-хуш бикашад…
Ишқи рухи ёр бар мани зор магир,
Бар хастадилони ринди хаммор магир.
Сӯфӣ, чу ту расми раҳравон медонӣ…
Дар сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз,
Гуфтам: — Мани савдозадаро кор бисоз!
Гуфто, ки: — Лабам бигиру зулфам бигузор…
Мардӣ зи канандаи дари Хайбар пурс,
Асрори карам зи хоҷаи Қанбар пурс.
Гар толиби файзи ҳақ ба сидқӣ, Ҳофиз…
Чашми ту, ки сеҳри Бобил аст устодаш,
Ё Раб, ки фусунҳо биравод аз ёдаш!
Он гӯш, ки ҳалқа кард дар гӯши ҷамол…
Эй дӯст, дил аз ҷафои душман даркаш,
Бо рӯи накӯ шароби равшан даркаш!
Бо аҳли ҳунар гӯйи гиребон бикушо…
Моҳе, ки назир худ надорад ба ҷамол,
Чун ҷома зи тан баркашад он мушкинхол,
Дар сина дилаш зи нозукӣ битвон дид…
Дар боғ чу шуд боди сабо дояи гул,
Барбаст машотавор пирояи гул.
Аз соя ба хуршед агарат ҳаст амон…
Лаб бозмагир як замон аз лаби ҷом,
То бистонӣ коми ҷаҳон аз лаби ҷом.
Дар ҷоми ҷаҳон чу талху ширин ба ҳам аст…
Дар орзуи бӯсу канорат мурдам
В-аз ҳасрати лаъли обдорат мурдам,
Қисса накунам дароз, кӯтоҳ кунам…
Умре зи пайи мурод зоеъ дорам
В-аз даври фалак чист, ки нофеъ дорам?
Бо ҳар кӣ бигуфтам, ки туро дӯст шудам…
Ман ҳосили умри худ надорам ҷуз ғам,
Дар ишқ зи неку бад надорам ҷуз ғам.
Як ҳамдами бевафо надидам ҷуз дард…
Чун бода зи ғам чӣ боядат ҷӯшидан,
Бо лашкари ғам чӣ боядат кӯшидан?
Сабз аст лабат, соғар аз ӯ дур модар…
Эй шармзада ғунчаи мастур аз ту,
Ҳайрону хаҷил наргиси махмур аз ту!
Гул бо ту баробарӣ куҷо ёрад кард…
Чашмат, ки фусуну ранг меборад аз ӯ,
Афсӯс, ки тири ҷанг меборад аз ӯ.
Бас зуд малул гаштӣ аз ҳамнафасон…
Эй бод, ҳадиси ман ниҳонаш мегӯ!
Сирри дили ман ба сад забонаш мегӯ!
Мегӯ на бад-он сон ки малолаш гирад…
Эй сояи сунбулат суманпарварда,
Ёқути лабат дурри Адан парварда!
Ҳамчун лаби худ мудом ҷон мепарвар…
Гуфтӣ, ки «Туро шавам, мадор андеша,
Дил хуш куну бар сабр гумор андеша!»
Ку сабру чӣ дил, к-он чи дилаш мехонанд…
Он ҷоми тарабшикор бар дастам неҳ
В-он соғари чун нигор бар дастам неҳ.
Он май, ки чу занҷир бипечад бар худ…
Бо шоҳиди шӯхи шангу бо барбату най
Кунҷею фароғатею як шишаи май.
Чун гарм шавад зи бода моро рагу пай…
Қассоми биҳишту дӯзах, он уқдакушой
Моро нагузорад, ки дароем зи пой.
То кай бувад ин гурграбоӣ, бинамой…
Эй кош, ки бахт созгорӣ кардӣ,
Бо ҷаври замона ёр ёрӣ кардӣ.
Аз дасти ҷавониям чу бирбуд инон…
Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ,
Эй бас, ки хароби бодаву ҷом шавӣ,
Мо ошиқу ринду масту оламсӯзем…