Гуфтӣ, ки «Туро шавам, мадор андеша…»

37

Гуфтӣ, ки «Туро шавам, мадор андеша,
Дил хуш куну бар сабр гумор андеша!»
Ку сабру чӣ дил, к-он чи дилаш мехонанд,
Як қатраи хун асту ҳазор андеша!