Ту бадрию хуршед туро банда шудаст

6

Ту бадрию хуршед туро банда шудаст,
То бандаи ту шудаст, тобанда шудаст.
З-он рӯй, ки аз шуъоъи нури рухи ту
Хуршед муниру моҳ тобанда шудаст.