Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро

1

Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро,
Ҷуз кӯйи ту раҳгузар наёмад моро.
Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида,
Ҳаққо, ки ба чашм дарнаёмад моро.