Чун ғунчаи гул қаробапардоз шавад

14

Чун ғунчаи гул қаробапардоз шавад,
Наргис ба ҳавои май қадаҳсоз шавад.
Фориғ дили он касе, ки монанди хубоб
Ҳам дар сари майхона сарандоз шавад.