Баҳо-ул-ҳаққи ва-д-дин, тоба мисвоҳ

4

Баҳо-ул-ҳаққи ва-д-дин, тоба мисвоҳ,
Имоми суннату шайхи ҷамоат,

Чу мерафт аз ҷаҳон, ин байт мехонд,
Ба аҳли фазлу арбоби бароат:

Ба тоат қурби Эзад метавон ёфт
Қадам дарнеҳ, гарат ҳаст иститоат.

Бад-ин дастур таърихи вафоташ,
Бурун ор аз ҳуруфи «қурби тоат».