Аз ҳаҷри маҳи рухи ту, ай мояи ҷон

Аз ҳаҷри маҳи рухи ту, ай мояи ҷон,
Пурдур карданд чун даҳони ту ҷаҳон.
Аз нохуни даст хаста кардам дилу ҷон,
Фарёдраси ғамат на ин буду на он.