Бито, ҳалок шавад дӯст дар муҳаббати дӯст

89

Бито1, ҳалок шавад дӯст дар муҳаббати дӯст,
Ки зиндагонии ӯ дар ҳалок будани ӯст.

Маро ҷафову вафои ту пеш яксон аст,
Ки ҳар чӣ дӯст писандад ба ҷои2 дӯст, накӯст.

Марову ишқи ту гетӣ ба як шикам зодаст,
Ду рӯҳ дар бадане чун ду мағз дар як пӯст.

Ҳар он чи бар сари озодагон равад, зебост,
Алалхусус, ки аз дасти ёри зебохӯст.

Дилам зи даст бадар бурд сарвболое,
Хилофи одати он сарвҳо, ки бар лаби ҷӯст.

Ба хоб дӯш чунон дидаме, ки зулфайнаш
Гирифта будаму дастам ҳанӯз ғолиябӯст3.

Чу гӯй бар ҳама олам ба ҷон бигардидам
Зи дасти ишқашу чавгон ҳанӯз дар паи гӯст.

Ҷамоате ба ҳамин оби чашми берунӣ
Назар кунанду надонанд, к-оташам дар тӯст4.

Зи дӯст, ҳар кӣ ту бинӣ, муроди худ хоҳад,
Муроди хотири Саъдӣ муроди хотири ӯст.


1 Мухаффафи биҳил, то; иҷоза фармо, бигзор ки.
2 Дар бораи, барои.
3 Моддае хушбӯ, мураккаб аз чанд маводи муаттар, монанди мушку анбар.
4 Дарун, андарун.


?>