Бо дӯст бош, гар ҳама офоқ душмананд

247

Бо дӯст бош, гар ҳама офоқ душмананд,
К-ӯ марҳам аст, агар дигарон неш мезананд.

Эй сурате, ки пеши ту хубони рӯзгор
Ҳамчун тилисм пои хиҷолат ба домананд.

Як бомдод агар бихиромӣ ба бӯстон,
Бинӣ, ки сарвро зи лаби ҷӯй баркананд.

Талх аст пеши тоифае ҷаври хубрӯй,
Аз муътақид шунав, ки шакар мепарокананд.

Эй муттақӣ, гар аҳли дилӣ, дидаҳо бидӯз,
К-инон ба дил рабудани мардум муайянанд.

Ё пардае зи чашми тааммул фуру гузор,
Ё дил бинеҳ, ки парда зи корат барафкананд.

Ҷонам дареғ нест, валекин дили заъиф
Сандуқи сирри туст, нахоҳам, ки бишкананд.

Ҳусни ту нодир аст дар ин аҳду шеъри ман,
Ман чашм бар туву ҳамагон гӯш бар мананд.

Гӯӣ, ҷамоли дӯст кӣ бинад, чунон ки ӯст?
Илло ба роҳи дидаи Саъдӣ назар кунанд.