Бо он ки дар вуҷуди таом аст ҳаззи нафс

Бо он ки дар вуҷуди таом аст ҳаззи нафс,
Ранҷ оварад таом, ки беш аз қадар бувад.
Гар гулшакар хурӣ ба такаллуф, зиён кунад,
В-ар нони хушк дер хурӣ, гулшакар бувад.