Воҷиб набувад ба кас-бар ифзолу карам

Воҷиб набувад ба кас-бар ифзолу карам,
Воҷиб бошад, ҳаройина, шукри ниъам.
Тақсир накард хоҷа дар новоҷиб,
Ман дар воҷиб чӣ гуна тақсир кунам?!